ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Лоиҳакаш» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Масъулин доир ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат намуда, иброз доштанд, ки бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.
Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзои ташкилоти ибтидоӣ ба таъмиру тармим ва рангу бор кардани навиштаҷоти даромадгоҳи ноҳия машғул гардиданд.