ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар маҳаллаи Қушқияи ҷамоати деҳоти Озодагон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ мулоқот баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб – Файзиев Каримчон, раиси ташкилоти ибтидоии «Ғайрат» Давлатова Ороста ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матуботи ҳизби ноҳия -Ғафуров Сайдамир иштирок доштанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинū фаҳмонидани дурӯстӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба мардуми маҳал мебошад.
Дар идома доир ба хатарҳои чаҳони имрўза ба монанди терроризму экстремизм ва коррупсия, ки яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба амнияти миллū ва Истқлолияти давлатū таҳдид менамояд, қайд намуданд.