МӮЪМИНОБОД. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар деҳаи Чарги Поёни ҷамоати деҳоти ба Н.Назаров вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯри муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок намуда, оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб, аз ҷумла нашри махсуси нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ» андешаронӣ намуд.
Мавсуф зимни суханронӣ афзуд, ки дар шумораи нашри махсус маводҳое инъикос меёбанд, ки соропо ба манфиати сокинон буда, онҳоро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ даъват менамояд.