КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 – и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод мулоқот доир намуданд.
Масъулин зимни суҳбат атрофи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои хешро баён карда, зикр намуданд, ки мо бояд пойдевори фардоро имрӯз гузорем, кадрҳои баландихтисосу ватанпарварро тарбия намоем, таҷрибаи бузурги мактаби ватандории халқамонро дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Ватани моро ғайр аз худи мо ва фарзандони мо каси дигар обод намекунад.
Инчунин, дар ин раванд аз қадру манзалати омӯзгор сухан рафта, нақши онро дар тарбияву ба камол расидани насли ояндасоз муҳим арзёбӣ карда шуд.