КӮЛОБ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лола” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Самадзода Сайёҳат ва роҳбари ташкилоти ибтидоии номбурда Тураева Муборак иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо ибрози андеша масъулин қайд карданд, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, дар даврони Истиқлолият мушкилоти беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумат қарор гирифтааст. Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд.