ВАХШ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Деҳқонобод»-и ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳия вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо сокинони маҳал доир карда шуд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Одилҷон Маҳмадов аз рафти таҳсили толибилмон аз наздик шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагон оид ба дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ суҳбат намуд. Инчунин, дар идома мавсуф таъкид намуд, ки ба таълиму тарбияи хонандагон диққати ҷиддӣ зоҳир карда, насли наврасу ҷавонро ба роҳи ватандӯстӣ ҳидоят кунанд.
Дар охир бахшида ба истиқболи ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷамъомадагон дастаҷамъона ба таъмир ва рангу бор кардани муассисаи таълимии маҳалла машғул шуданд.