БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мақсаду мароми мост

НОРАК. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатияш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак робитаи худро бо маҳал тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва маҳаллаҳо ҷоннок намуда истодааст.

 Бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстӣ», дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Пули Сангин таҳти унвони “Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мақсаду мароми мост” бо ҷалби падару модарон ва ҷавонони маҳал вохӯрӣ доир гардид.SAM_9247.JPG         

Дар вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ” Ҳасан Сатторов ва раиси маҳалла, аъзои Ҷамъияти таблиғотии “Фарҳанги сиёсӣ” Акбар Сайфуллоев ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ободкориву созандагӣ, аз нав эҳё кардани ҳунарҳои мардумиро вазифаи ҳар як шаҳрванд донистанд.

Дигар баромадкунандагон низ оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ сухан ронда, иштирокдорони вохӯриро барои баланд бардоштани некуаҳволии зиндагӣ аз ҳисоби рушди ҳунарҳои мардумӣ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg