ХОВАЛИНГ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ” хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Масъулин зимни суханронӣ бештар дар бораи истифодаи самараноки қувваи барқ ва сари вақт пардохт намудани маблағи он ҳарф зада, қайд карданд, ки истифодаи мақсаднок ва самараноки қувваи барқ ҳам ба оила ва ҳам ба давлат фоида меорад. Аз ин лиҳол бояд корҳои фаҳмондадиҳиро тарзе ба роҳ монем, ки мардум инро ба хубӣ дарк намуда, амал намоянд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” иштирокдорон ба нарм намудани бехи дарахтон машғул гардиданд.