ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Панҷ”-и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо сокинони деҳа дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои ободонӣ баргузор намуданд.
Дар ин рӯз ҳамагон баҳри ободии деҳа сарҷаъмона ба ҳашар баромада, саҳни бунгоҳи саломатиро тозаву озода карда, мақсад доранд, ки дар рӯзҳои наздик роҳи байни деҳаро сагфарш намоянд.