![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190327_133548.jpg?itok=YeBgLJmu)
ДАНҒАРА. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Дилнишини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пушинг” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба ҳадафҳои барномавии ҲХДТ андешаронӣ карда, сокинонро ҷиҳати дар сатҳи баланди ватандӯстона истиқбол гирифтани ҷашни сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” раҳнамоӣ кард.