Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

МО БА ҚАДРИ ОРОМИВУ ОСОИШТАГИ ВА СУБОТИ САРТОСАРИ МЕРАСЕМ!

 ВОКУНИШ. Ман дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мақолаи Одил Нозирро  бо номи “Ман роҳи муборизаро дигар мекунам”-ро  мутолиа кардам ба худ савол додам  ба ин бачаҳои зебову босаводи мо  чӣ намерасад? Магар Шарофиддин Гадоев ба гиряву нолаҳои модари тоҷик ва бо меҳр нигоҳ кардани падари тоҷик дилаш намесӯзад? Ба саволҳои мухбир ҷавоби аниқ додааст, аммо ман ҳамчун зан-модар фикр   мекунам, ки Тоҷикстон гул – гул шукуфта истодааст ва ба мо модарон дигар кардани вазъи сиёсии мамлакат лозим нест. Мо аз сари худ ҷангу ғаму кулфатро гузаронидем ва имрӯз онро боз аз нав дидану шунидан ва гирифтор шуданро намехоҳем. Ман ҳамчун омӯзгори фанни таърих бо иэмони комил мегӯям, ки дар давлате, ки опозитситя бошад ба тинҷии он давлат ва сиёсати сулҳдӯстонаи он роҳбари давлату халқи осоишта хатари монанди “Каждуми таги бӯрё” мебошад, ки як рӯз не рӯзи дигар неши заҳрдори худро мезанад.  ман зани тоҷик модар аз наҳзатиҳои дайдуе, ки дар хориҷӣ кишвар мебошад хоҳиш не   талаб мекунам мо модаронро  озод гузоранд , ки бори дигар гиряҳо ва нолаҳои “Вой бачам” ва  “Вой хонам” – ро  накунем.

Мо дар ватани зебову озод муддати 27 сол боз зиндагиву кору фаъолият мекунам ва аз Сарвари давлату Пешвои миллат комилан ризоем  ва намегузорем, ки ин наҳзатиҳои дайду фикрҳои ҷавонони моро  вайрон кунанду ба оромиву тинҷиву Ватани азизамон Тоҷикистон  халал расонанд.

Шахси босаводу оқил ба ин дигаргунҳои ватан бо чашми ақл назорат кунаду доир ба ин навгониҳо “Неругоҳҳои барқӣ”, роҳҳо, боғу гулгаштҳо мактабҳои ҳозиразамон бозору дуконҳо, театру донишкадаҳои оллӣ назар карда ифтихори ватандорӣ кунад, ин марди боақлу бо нанг мамлакати харобаро аз вартаи парокандагӣ ба боғи зебо табдило додааст. Бояд на фақат аҳсан балки аз офаридагор зораву илтимос кунем ки абадӣ сарварӣ Тоҷикистону тоҷикон бошад . Бачаҳои ба ном апазитсия пеш аз ҳама аз халқи тоҷик пурсед онҳоро шуморо мехоҳанд ин идеяҳои шумо ба фикророи ба мо лозим нест.

Абдуллоева Чуҳригул, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони  халқи ноҳияи Кушониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg