БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар самти тарбияи ахлоқии ҷомеа

МУЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар Идораи манзилию комуналии   ноҳия маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайдаҳмад Латифов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар маҷлис масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тозаю озода нигоҳ доштани  ташкилоту муассиса ва маҳали зист, рушди соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги либоспушӣ ва гирифтани пеши роҳи хурофотпарастӣ, муқовимат бо коррупсия, риояи талаботи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ихтироот, таъсиси ҷойҳои корӣ дар хона ва аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи камбизоатӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, мусоихат намудани волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон ва илмомӯзии онҳо, ҷалби шахсони бекор ба корҳои созандагиву ободонӣ  баррасӣ карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg