ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Наврӯз”-и деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб корҳои ободониро ба роҳ монданд.
Дар ин рӯз сокинони деҳа ба ҳашар баромада, роҳи байни деҳаро ба масофаи зиёда аз 1 км сангфарш карда, инчунин, чароғонкунии деҳаро низ ба анҷом расониданд.