БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ»-и ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар, сафари кории  Роҳбари давлат ба вилояти Хатлон ва эълон шудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар идома масъулин оид ба моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” фикру мулоҳизаҳои хешро баён карда, аз  ҳамагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки барои ободии Ватан ва зиндагии босаодати мардум равона карда шудааст, даъват ба амал оварданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg