Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ДАСТГИРИИ ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ ҲХДТ МЕБОШАД

ТЕМУРМАЛИК. Дар ростои Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси  нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъулин атрофи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани Чакани тоҷик ҷиҳати тарғиб ва омӯзиши нақши чакандӯзӣ дар рушди мероси фарҳанги миллӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд .

Баъдан, вобаста  ба  татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Насимов Комрон ба як нафар оилаи ниёзманди ҷомеа Давлатов Шарофиддин кӯмаки моддӣ расонида шуд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg