БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶОНИБДОРИ БАРНОМАИ СОЗАНДАИ ҲХДТ МЕБОШЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо иштироки  Файзиев Каримҷон - раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати деҳоти Озодагон ба аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳасан Шеров” вохўрӣ баргузор гардид.

Файзиев Каримҷон  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ махсусан моҳияти  хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ  ва омили  нигоҳ доштани сулҳу субботу амнияти кившар андешаронӣ намуд.  

Дар ҷараёни мулоқот оид ба  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб эълон гардид, сухан рафта, кайд шуд, ки дар ин асно ҳизбиён чи дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ва чи идораву корхонаҳо бояд бо масъулияти баланд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки бевосита ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мушаххас гардидаанд, саҳми арзанда гузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg