Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ТОҶИКИСТОНРО БО МЕҲНАТИ ВАТАНДӮСТОНА БА КИШВАРИ ЗЕБОТАРИНИ ОЛАМ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!

НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯзанда” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Қумриниссо Гулмуродзода дар баромадаш  қайд намуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодааст.

Баъдан дар баргузории Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” иштирокдорон дар назди бинои маъмурии ташкилоти номбурда ба тоза  ва нарм кардани бехи гулҳои мавсимӣ баромада, дар  корҳои  ободонӣ  саҳм гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg