БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аст

ЛЕВАКАНД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Леваканд дар якҷоягӣ бо бахши фарҳанг дар китобхонаи марказии шаҳр бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Конференсия таҳти унвони «Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аст» доир карданд.

Дар конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Леваканд Фароғат Назарова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия  Гулҷаҳон Бобоҷонова, раиси бахши фарҳанг Манучеҳр Исмоилов ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Конференсияро Манучеҳр Исмоилов кушода, оид ба  паҳлуҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, ҳамзамон қайд кард, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Пешвои миллат соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки мо тоҷикон сарзамини биҳиштосо дорем ва мардуми тоҷик мардуми ҳунарманд аст ва ҳунар муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллати мо мебошад.20180216_105115.jpg

Баъдан  Фароғат Назарова зимни суханронӣ иброз дошт, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми ҳунарманд руҳу илҳоми тоза бахшида, бевосита имрӯз мо метавонем, ҳунари аҷдодии худро бо ифшогарии фарҳангу маданияти волои худ пешкаши сайёҳони хориҷӣ ва дохилии кишвар намоем.

Зан-модари тоҷик бо дастони нозуки худ метавонад рӯи матоъ нақшу нигори тоҷиконаи худро бо рангҳои зиндагӣ ба тасвир биёрад ва бо танидани нахҳои маҳин матоъи атласу адрас биофарад.

Пас аз дастгирию ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат ҳунармандонро зарур аст, ки ҳунарҳои мардумие, ки қариб аз байн рафтаанд, аз нав эҳё намоянд ва ба боварии Пешвои миллат, ки соли 2018-ро ба онҳо бахшидааст, сазовор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg