ДАНҒАРА.Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Пушинг”-и деҳаи Шар-шар хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти андешаронӣ намуд.
Мавсуф дар идомаи суҳбат аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободониро беҳтар ба роҳ монда, бо дастовардҳои назаррас ҷашни дар пешистодаро истиқбол намоянд.