БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ХАЙР ДАСТИ ЯТИМОНУ ДАРМОНДАГОН ВА БЕМОРОНУ БЕЧОРАГОНРО ГИРИФТАН АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёси ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии Беморхонаи №3-и Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид иштирок дошта оид ба вазифаҳои аввалиндраҷаи ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуд.

Дар анҷом аксияи ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид, ки бо ташаббуси Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоӣ Беморхонаи №3 ба як нафар бемори бистарӣ аз оилаи ниёзманд бо маблағи 200 сомонӣ кӯмаки молиявӣ ва маводи доруворӣ  кӯмаки хайриявӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg