БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАШИДАНИ ХАТИ ОБ ХАЙРИ АДОНАШАВАНДА АСТ

Ш.ШОҲИН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ҷалби сокинони деҳаи Пистамазори ҷамоати деҳоти Саричашма дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бахида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ  баҳри ободу зебо гардонидани маҳали зист, бартараф намудани танқисии аҳолӣ аз норасоии оби ошомиданӣ  ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  роҳандозӣ гардида, аз теппаи болои деҳаи мазкур ба масофаи 1,7 км ба деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона оби ошомиданӣ оварда шуд.

Аз ин иқдоми пешгирифтаи  Кумитаи иҷроия сокинони деҳа изҳори миннатдорӣ баён карда,  ваъда доданд, ки минбаъд низ чунин корҳои ободониро ба таври васеъ  ба роҳ  хоҳанд монд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg