ВОКУНИШ. Шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона имрӯз ҳам паст нашудааст. Чанде қабл дар расонаҳои иғвоангезу дурӯғпарокану мубаллиғи ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ хабари баргузор намудани гирдиҳамоӣ барои озод намудани зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба таври густарда таблиғ гардид. Вобаста ба даргириҳое, ки дар зиндони Тоҷикистон ба амал омад, гуфтанием, ки ин гуна даргириҳо дар тамоми зиндонҳои ҷаҳон ҳамасола чандин маротиба сурат мегирад ва аз ҷониби сохторҳои марбутаи давлатӣ пахш карда мешаванд. Аз ин рӯ, аз он ҳангома сохтан ва атрофи он гаппаронӣ ва шиорзанӣ кардан коре хубе нест. Албатта, барои гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва ҷоҳталаб мисли Паймони миллӣ ин қазия чун хабарҳои муҳим заруранд ва аз онҳо ба сифати флешмоби сиёсӣ ва иғвогарӣ истифода мешавад. Бо ҳарзаву ҳазёноти худ саҳифаҳои расонаашро пур намуда, ба истилоҳ, флешмобро ҳангомасозӣ намуданд. Созмондихандагон нафаронеанд, ки барои гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ гоҳу ногоҳ чунин намоишҳои ба қавли худашон, «эътирозӣ»-ро баргузор мекунанд. Таври маълум, «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон» лоиҳаи навбатии ТЭТ ҲНИ мебошад, ки ба хотири рӯйпӯш намудани гузаштаи худ, роҳбарони ТТЭ ҲНИ онро ташкил намудаанд. Ду-се сагони дайдуе, ки аз номи ин ташкилот суханпароканӣ мекунанд, на фаъоли ҷомеа ҳастанду на ҷонибдори пешравии ҷомеаи Тоҷикистон. Темур Варқӣ, Равшани Темуриён, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Ҳакими Раббимпур нафароне ҳастанд, ки ба хотири манофеи шахсӣ аз дину мазҳабу маҳаллу меҳан беибо сӯйистифода мекунанду дар охир камбудиву норасоиҳои инфиродишонро риёкорона ба намоиш гузошта, дар сатҳи созмонҳои сиёсии аврупоӣ пуштибонҳои қавӣ пайдо кардан мехоҳанд.
Эълону рекламаи ба ном тазоҳуроти наҳзатӣ, ки бар пояи зиндониёни сиёсӣ роҳандозӣ шуд, фазои маҷозиро фаро гирифт. Барои ҷалби муҳоҷирони дар Олмон буда, ба ин флешмоб ва ё тазоҳуроти наҳзат ва қувваҳои наҳзатӣ аз ҳар навъ механизми иттилоотию мафкуравӣ ва сиёсӣ истифода бурданд. Вале нуқтаи муҳим дар ин масъала ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндониёни сиёсӣ нестанд ва нафаронеро, ки наҳзат ва неруҳои ба наҳзат вафодор ба сифати зиндониёни сиёсӣ муаррифӣ менамоянд, як мушт хурофотианд, ки дар асоси ҷурмҳои кардаи худ пушти панҷара қарор гирифтаанд. Чуноне, ки медонем, нерӯҳои наҳзатии аз ҳуввияти миллӣ дурбуда, дар асоси мафкураи танги сиёсӣ ва мазҳабиашон найрангҳои сиёсиро бо истифода аз технологияи муосир ва истилоҳоти маъмулии «миллат», «озодӣ», «демократия», «инсондӯстӣ», «фарҳангшиносӣ» ва амсоли инҳоро банду баст карда, ба чашми мардум хок мепошанд. Флешмоб сохта, ба мардум пешниҳод менамоянд. Онҳо Ҳукумати Тоҷикистонро бар он гунаҳкор медонанд, ки наҳзатиёнро пушти панҷараи зиндон нишондааст. Аммо, тавре ки арз кардем, дар зиндонҳои Тоҷикистон зиндониёни сиёсӣ нест ва чанд исмеро, ки наҳзатиён ва ҳамандешони онҳо тазаккур медиҳанд, ҳаргиз зиндонии сиёсӣ ба ҳисоб намераванд. Онҳо ҷинояткор ва хонони миллатанд, ҳаммаслакон ва харидаҳои онҳо мебошанд. Аз ин рӯ, пофишориҳои наҳзатӣ дар заминаи озод кардани зиндониёни сиёсӣ бепоя мебошанд.
Барои ҳамагон маълум аст, ки исломи сиёсӣ аз гузашта дида, имрӯз ба сифати хатар ва таҳдиди глобалӣ на танҳо Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳонро мавриди таҳдид қарор медиҳад. Эътилоф ва тавофуқу ҳамкориҳое, ки дар заминаи бурузу ҳузури исломи сиёсӣ ва терроризми динӣ-мазҳабӣ миёни давлату кишварҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бунёд ёфтаанд, ҳаққонияти таҳдиду хатари исломи сиёсиро таъйид мекунанд. Ҷиддияти масъала дар он аст, ки бархе созмонҳои байналмилалӣ ва қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар бозиҳои сиёсию геосиёсӣ аз исломи сиёсӣ ва ҳаракатҳои тундраву террористии динӣ-мазҳабӣ истифода мекунанд ва дар сармоягузории ташкилотҳои террористию экстремистӣ саҳми муносиб мегиранд, барои он ки пуштибони мардумӣ надорад ва ҷомеаи тоҷик, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз он пазироӣ намекунад.
На наҳзат ва на дигар гурӯҳҳои дастгири он дар хориҷ ба манфиати миллӣ ва давлатӣ кору фаъолият намекунанд ва танҳо вонамуд менамоянд, ки дар хидмати миллат қарор доранд. Ҳадафҳои пасипардагӣ ё флешмобҳои онҳо танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд, бинобар ин, аз ин созмони дунявиситез ва хирадгурез дурӣ бояд љуст.
Ёрмаҳмадов Аҳмад, узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ