БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕА, ҶАВОНОН ВА ТЕРРОРИЗМ

АНДЕША. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба дастгирии ҷавонон диққати махсус дода, пешниҳоди онҳоро баҳри инкишофи мамлакатамон доимо дастгирӣ менамоянд. Тавре, ки  Пешвои миллат пайваста таъкид менамояд:  «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Тоҷикистон, ки кишвари ҷавон аст ва 70 фисади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз мадди назари роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи амалҳои созандаи падарону бузургон ва созандагони фардои ҷомеа эътироф гардидаанд.

Сиёсати ҳукумат – сиёсати ҷавонпарварона буда, ба нерӯи ҷавонони кишвар боварии бузург дошта, ҳанӯз аз нахуст суханашон дар ҷаласаи  16-уми  таърихи  Шӯрои Олӣ дар шаҳри  Хуҷанд дар дили ҷавонон бо пайкори созандааш ҳамчун таҳкимбахши сулҳ ва Ваҳдати миллии тоҷикон таҷаллӣ гардида,  мавқеи хоса касб намуда, дар атрофи ҷавонони  муосири кишвар чун ҳомии миллат ва Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ пазируфта шудааст.

Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо даст удили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси  ватандориро ҳимоя карда,  худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ҷавононро зарур  аст, ки аз амалҳои наҷибу ҷавонмардонаи Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи хеш истифода намоянд.

Ҷаноби Олӣ  мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба нақши ҷавонон дар муносибатҳои идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳамоҳангии ҷавонони кишвар бо роҳбарияти олии мамлакат - Шӯрои  миллии кор бо ҷавононро таъсис доданд. Мақсад аз таъсиси Шӯро мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти онҳо ҳарчӣ бештар дастгирӣ ёфта, мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасӣ ва роҳу  усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шавад.

Пешвои миллат ба ҷавонон таъкид намуданд, ки : « Ҳангоми истифодаи маълумотҳои интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша бо ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоед, фирефтаи  ҳар гуна дассисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок нашавед, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала маслиҳат кунед, зеро шумо аз онҳо дида, машваратчии беҳтарро дар зиндагӣ пайдо намекунед». Падару модарон дар масъалаи шинохти масъулияту рисолати азалӣ ва таълиму тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд. Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ падару модарон бояд муошират ва мукотибаи фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро аз таъсири манфии сомонаҳои тарғибкунандаи зӯровариву фаҳш ва дигар рафторҳои ғайриахлоқӣ, инчунин аз ҳар гуна даъвату тарғиботи тундгароёна ҳифз намоянд.

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ҷавонон ва падару модарон бояд сармашқи кору фаъолияти ҳамррӯзаи онҳо дар ин давраи ҳассоси ҷаҳонишавии муносабатҳо бошад. Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо, ҷавонони мо баҳри ҳифзи Ватани азизамон – Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди  ҳар  гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза мебаранд.

Дар ҷаҳони муосир бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои охир ва ба хотири ҳимоят аз аҳдоф ва манфиатҳои хеш тамоми кишварҳо даст ба муборизаҳои беамон задаанд. Фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта ба ҳайси сиёсӣ-иҷтимоӣ таъсири бештар мерасонанд. Ин қабил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо ба хубӣ  истифода мебаранд.

Аксарияти ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил гардида, аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда будаанд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон шароиту имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ муҳайё карда шуд. Аммо дар мавриди муҳоҷирони мехнатӣ то ҳол мушкилоти зиёде мавҷуд мондааст. Хуб надонистани забон, расму русум ва фарҳанги мардуми кишвари иқомат ва паст будани сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи ҳамидаи як қисмати муҳоҷирини корӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои иттилоотии Ватани худ, бехабару беназорат мондан дар ҳаёти ин ҷавонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад, ки оҳиста-оҳиста дар натиҷаи таъсири мушкилоти рӯзмаррра, аз қабили бекор мондан, расмӣ накардани ҳуҷҷатҳои будубош ва таъқиботи сохторҳои маъмурии кишвари иқомат, даст задан ба ҷинояту амалҳои ғайриқонунӣ барои моилу пайваст шудани муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, мисли зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳайёти инсон, бенизомӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Ифротгароӣ байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан ҷавонон бештар паҳн гардида, оқибат ба вайронкорӣ оварда истодааст.

Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Таҳлилхо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои гузашта паст будани сатҳи огоҳи ҷавонон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, маърифати исломӣ ва ё бесаводии динӣ, надонистани аркони динӣ, инчунин таблиғоти шадиди гуруҳҳои ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетӣ аз ҷумлаи омилҳои рушди ин раванд байни ҷавонон будааст.

Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳи ҳаракатҳои ифротгароӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рӯ, ба ҳар як фарди худогоҳу худшинос зарур  аст, ки нисбат ба ин гуна кирдорҳои ҷиноятӣ ва амали ғайри инсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст.

Ба қувваи бузург ва нерӯи созанда доштани ҷавонон ва мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  такия намуд, пайваста ба баланд бардоштани сатҳи рушди арзиши инсонӣ хидоят менамояд.

Бинобар ин мо ҷавонон ҷавобан ба ин  ғамхориҳо саъю талоши хешро ба донишандузӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини кишвар, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона месозем. Фаъолӣ ва ташаббусҳои созанда менамоем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз карда, дар ҳайти сиёсиву иҷтимоии кишвари азизамон фаъолона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси Ватандориро ҳимоя карда парчамбардори ин сарзамин хоҳем буд.     

Саидов  Муҳаммадҷон, мудири ташхисгоҳи беморхонаи №5-и ноҳияи Фархор

              

                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg