АНДЕША. Мардуми Тоҷикистон ҳамавақт ва ба тавсири ҳамешагӣ сиёсати сулҳхоҳонаи Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдорӣ ва пуштибонӣ намуда, барои пойдории он саъю талош мекунанд.
Аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироанамудаи Пешвои миллат ин нуқтаҳо барҷаста инъикос ёфтаанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсозии Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шуроӣ амният ва Маҷлиси умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста омодагии худро ҷихати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд»
Дар бадали 28 - соли соҳибистиқлол гардидани Ватани маҳбубамон, мардуми тоҷик ба хубӣ эҳсос намуд, ки роҳи интихобкардаи халқамон, ки сулҳу амният, ободкорӣ, ваҳдату якдигарфаҳмии тамоми сокинони Тоҷикистон аст, роҳи аз санҷиш гузашта ва ояндасозӣ миллат мебошад.
Сияҳкорону ифротгароён, ки аз хориҷи кишвар истода, рушду нумуъ ва пешрафти Ватанамонро дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, амну оромииро нодида мегиранд, дар ҳаққи мо туҳматҳои бедалелро бор мекунанд, ба иштибоҳи бузург сахт роҳ медиҳанд. Халқи тоҷик дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бо шуру валвалаи як зумра исломгароёни мансабхоҳ ба гирдоби ҷангӣ шаҳрвандӣ афтод, ки асоси ин нобасомониҳо саркардагони ҳизбӣ дар Тоҷикистон мамнуъгардидаи назҳати исломӣ буд.
Мардум ба ғарибию бенавоӣ ва фақирию беватанӣ мубтало гардида азобу машаққат мекашиданд. Садҳо маротиба аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, ки тамоми гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, сулҳу салоҳро таъмин кард, шукргузорӣ мекунанд.
Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ ба дасисабозии гумроҳшудагони назҳатӣ бовар надоранд ва имрӯзҳо дар пайи ободӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти кишвар азму талошҳои зиёди ободкорӣ доранд.
Халқи мо ҳамавақт тарафдори тинҷию оромӣ мебошанд. Чунки сулҳ маҳаки асосии бунёдкориҳои азим маҳсуб меёбад.
Матлуба Раҳимова, узви фаъоли ҲХДТ