БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ – ОМИЛИ КАСОДИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА РУШДИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Яке аз вазифаҳои асосии ҲХДТ аз он иборат мебошад, ки ҳисси нафратро дар ҷомеа нисбат ба коррупсия бедор сохтан аст. Дар доираи ин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби тоза” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён зимни вохӯрӣ баромад карда, қайд намуд, ки амалҳои коррупсионӣ боиси касодии иқтисодиёт ва рушди ҷомеа мегардад. Бисёре аз ҳолатҳои мавҷуда баёнгари онанд, ки шаҳрвандон барои зуд амалӣ намудани мақсад ва манфиату ғаразҳои шахсӣ, худашон ришва пешниҳод мекунанд ва ё баръакс ба талаби шахси ришвахор, ҷавоби мусбат медиҳанд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар баробари дигар омилҳои мавҷуда, пеш аз ҳама сабаби асосӣ паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст.

Дар ин росто таъкид шуд, ки вазифаи асосии ташкилотҳои ҳизбӣ низ тафаккури зиддикоррупсиониро дар шаҳрвандон тарбия намудан ва омилҳои мусоидакунанда ба коррупсияро бартараф кардан аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg