БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИНИ ҲХДТ СОКИНОНРО БА КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ҶАЛБ МЕНАМОЯНД

ҚУБОДИЁН. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тахти Қубод”-и  деҳаи Ахчаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Ободии кишвар аз ободии маҳал сар мешавад” баргузор гардид. 

Дар маҷлис Абдураҳимова Фирӯза мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён атрофи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ, моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва оиди мавзуҳои  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, зикр кард, ки ҳар яки моро месазад дастур супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо ҷалби шахсони саховатманди маҳал дар дар доираи Аксияи ҳизбӣ сохтмон иншоотҳои маданиву маишӣ, ҷалби духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, тозаву обод гардонидани ҷои зисти худ камари ҳиммат баста, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор истиқбол намоем.

                   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg