БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ДАР ОБОДИИ ВАТАН САҲМГУЗОР БОШЕМ!

ЁВОН. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Баҳор» бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мардуми деҳаи Тутчама сарҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи маҳали зисти худро ободу зебо намуданд.

Баъдан хониши сиёсӣ доир гардида, масъулин оид ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва суҳбатҳои муфид баргузор карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg