КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дурахшон” вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Зимнан кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва Самадзода Сайёҳат оид ба ҳадафҳои созандаи ҳизб суханронӣ карда, барои роҳандозии чунин вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ нануданд.
Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бошад, бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ барои кӯдакистон №7-и шаҳри Кӯлоб 100 адад курсӣ барои нишаст харидорӣ гардид.
Дар охир кӯдакони дабистон бо барномаи омоданамудаи хеш хотири ҷамъомадагонро болида намуданд.