БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ БО МАВОДИ ХОНИШ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

ШАҲРИТУЗ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи  дастуру супоришҳои мақомотиболоии ҳизбӣ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Шифо» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин атрофи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар,  эълон шудани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мебошанд, суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии кӯдакони эҳтиёҷманд дар доираи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоӣ  Шомансурова Наргис ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳия маводҳои хониш тақдим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg