Н.ХУСРАВ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбӣро адо намудаанд ва даъвати навбатии ҷавонони сини даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ даъвати муташаккилонаи 20 нафар ҷавонони ноҳия ихтиёрӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коммисариати ҳарбии ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроия Алиева Сураё ҷавонони ихтиёриро ба хизмати содиқона даъват намуда, қайд кард, ки хизмати Ватан-Модар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Баъдан аз ҷониби санъаткорони ноҳия ба даъватшудагон барномаи васеи фарҳангӣ баргузор карда шуд.