ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Мубориз”-и деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб корҳои ободониро доир намуданд.
Дар ин рӯз сокинон бо рӯҳи болида ба ҳашар баромада, як қатор корҳоро аз қабили тоза намудани зери купрӯки деҳа, аз хасу хошок, тоза намудани паҳлӯи роҳи автомобилгард ва сафед кардани деворҳои ду тарафи роҳҳоро ба анҷом расониданд.