БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст

БОХТАР. Бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо сокинон ва ҷавонони маҳаллаи Дӯстӣ вохӯрӣ доир намуданд. 

Дар вохӯрии навбатӣ масъулин оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, зикр карданд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба артиши муқтадир ва муҷаҳҳаз табдил ёфтааст, ки яке аз артишҳои пешрафта маҳсуб меёбад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои тамоми таҷҳизоти техникӣ буда, барои афсарону сарбозон тамоми шароитҳо муҳайё гаштааст. ин ҳама талошҳои Пешвои миллат баҳри сулҳу суботи Ватан шаҳодат медиҳад. Воқеан, Ватан ягона арзише ҳаст, ки дар ҳеҷ давру замон ва бо мурури тағйир ёфтани дунё ва сохти кишварҳо волоият ва маҳбубияту маъруфияти худро аз даст нахоҳад дод. Тамоми таълимоти диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми Ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он қобили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg