МӮЪМИНОБОД. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати тадбиқи бандҳои ҷадвал-механизми тасдиқгардида бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи суғурта» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба мавзуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолият андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ вазифаи ҷонии ҳар яки мо буда, моро лозим аст, ки барои боз ҳам рушд намудани Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳмгузор бошем.