БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УЗВИ ҲХДТ БУДАН ШАРАФ ВА МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД АСТ!

КУШОНИЁН. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Дониёрқул” -  и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён  мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир гардид.

Нахуст масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, дар идома ба 14  нафар сокинони деҳаи мазкур,  ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Дар охир чанде аз сокинон иброз доштанд, ки пайвастан ба сафи ҲХДТ бароямон на танҳо шараф, балки масъулияти баланд низ мебошад ва мо дар оянда кӯшиш мекунем, ки ҷиҳати иҷрои масъулияти бузург - амалигардонии барномаву ғояҳои созандаи ҲХДТ содиқона ба миллату давлат хизмат кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg