БОХТАР. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Дар китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба мутолеаи китобу донишандӯзӣ андешарониҳо карда шуда, зикр гардид, ки яке аз ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баланд бардоштани маърифати ҷомеа буда, кормандони китобхонаро зарур аст дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзандаи худро гузорад.