ҚУБОДИЁН. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур корманди масъули Кумитаи иҷроия Ваҳобиддин Абдуллоев оид ба нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳарф зада, иброз дошт, ки Паёми имсола фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Бо пешниҳои Роҳбари давлат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҳар як сокини кишвар масъулиятнокиро тақозо менамояд.
Дар охир мавсуф аз ҷамъомадагон барои амалигардонии сиёсати бунёдкоронаи Президенти кишвар ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҷиҳати саҳм гузоштанд дар ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоиста даъват ба амал овард.