Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҶАМБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА

ВАХШ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш тибқи нақшаи корӣ маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2019-ро доир намуд.

Зимнан  маҷлисро раиси Кумитаи иҷроия Маҳмадов Одилҷон кушода, ҳамагонро бо рӯзномаи он шинос намуд.

Баъдан мавсуф дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисобот дода, пас аз муҳокима вобаста ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин, дар идома сармуҳосиби Кумитаи иҷроия Файзуллоев Ҳаибулло оид ба амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар маҳал ва ташкилоту муассисаҳо, мустаҳкам намудани робита бо ташкилотҳои ибтидоӣ, афзоиши молиёт, пардохти саривақтии ҳаққи аъзогӣ, интизоми молиявӣ ва дохилиҳизбӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ ва истифода аз усулҳои муасир, роҳу равиши истифодаи босамар аз васоити ахбори оммаи чопиву электронӣ, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати солим нигоҳ доштани мафкураи сиёсии ҷомеа, таъмин намудани оммавият ва сифати баланди чорабиниҳо, насби гӯшаҳои ҳизбӣ ва шиору овезаҳо суханронӣ намуд.

Дар охир аз ҷониби иштирокдорон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қаноатбахш ҳисобида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg