Ш.ШОҲИН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Шамсиддин Шоҳин бо сокинони деҳаи Порвори ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудов баҳри тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист ва муассисаи таълимии деҳа корҳои созандагиву ободонӣ доир карда шуд.
Дар корҳои созандагиву ободонӣ сокинон гирду атрофи муассисаи таълимиро аз партову алафҳои бегона тоза карда, дар саҳни муассисаи мазкур дарахтони сояафканро шинониданд, ки ба симои зоҳирии як гӯшаи диёр зебоӣ бахшид.