БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲАНДОЗИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ҶИҲАТИ БОЗ ҲАМ РУШД ДОДАНИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ДЕҲОТ

КӮЛОБ. Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Кӯлоб баргузор гардид.

Ҷиҳати боз ҳам рушд додани корҳои созандагию бунёдкорӣ сокинони деҳаи Саричашма камари ҳиммат баста, дар доираи Аксияи ҳизбӣ дар сангфарш кардани беш аз 700 метр роҳҳои байни деҳа саҳми худро гузоштанд.

Сокинон тасмим доранд, ки минбаъд ҷӯю заҳбурҳоро аз партовҳо тоза карда, боз боқимонда роҳҳои деҳаро дар ҳамбастагӣ таъмир месозанд.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg