ЁВОН. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Чанде қабл ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба бошандагони Маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед» кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Маркази мазкур тайи 10 сол аст, ки фаъолият дошта ба маъюбон ва шахсони яккаву танҳо дар хона ва Марказ хизматрасонӣ менамояд.
Абдуллоева Саёҳат муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо кормандон ва бошандагони Марказ оид ба сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки маъюбону шахсони яккаву танҳо доимо зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд.
Коллектив ва бошандагони Марказ иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ноҳияро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.