БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

ВОКУНИШ. Имрӯз тамоми оламро зуҳуроти номатлуб ба монанди терроризм ва экстремизм ба ташвиш овардааст. Ин зуҳурот ба монанди «вабои аср» решаҳои худро ба кишварҳои гуногуни дунё паҳн намуда, амният ва истиқлолияти онҳоро зери хатар гузоштааст. Имрӯз давлатҳоро мебояд, ки дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бо ин «вабои аср» мубориза баранд, чунки таҷрибаи солҳои охир муайян сохт, ки як давлат дар алоҳидагӣ ин хатарро нобуд сохта наметавонад. Терроризм ва экстремизм хусусияти байналмилалиро ба худ ошно намуда, дар тамоми гӯшаву канори олам сар баровардааст. Мардуми олам аллакай маълумот доранд, ки дар давлатҳои Ироқ, Сурия, Афғонистон, Яман ва давлатҳои абарқудрати Авруппо терроризм ва экстремизм ба чӣ қодир аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соҳибистиқлолиятӣ бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон бурда истодааст. Дар ин ҷода низ қонунгузорӣ ба тавсиб расонида шудааст. Аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16.11.1999 сол, «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 9.12.2003 сол ба тавсиб расонида шудаанд. Ин қонунҳо имконият медиҳанд, ки муносибатҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм дар сиёсати давлатӣ ба танзим дароварда шаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аксари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол ба шумор мераванд. Маҳз ин тоифа, яъне ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз тарафи мубалиғони хориҷӣ гаравидашуда истодаанд, ки моро ба ташвиш овардааст. Ҷавоне, ки аз гумроҳии худ ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил мешавад, намедонад ки на танҳо ба мақсади худ намерасад, балки ба падару модар, зану фарзанд ва наздикони худ ғаму ғурбат ва мушкилиҳои зиёдеро ба бор меорад. Саволе ба миён меояд, ки кадом сабабҳо ва кадом омилҳо гаравандаи ҷалби ҷавонон мебошанд? Аз хулосаи таҳлилгарон онҳо чанд тоянд:

1. Нодуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ аз бесаводии ҷавонон. 2.Тамошои барномаҳои динии мазҳабии давлатҳои хориҷӣ тариқи телевизиони моҳворавӣ.

3). Бетарафии одамони касбу кори гуногун оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав.

4). Беназорат мондани ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Пас чӣ бояд кард? Аввалан бояд, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳарчӣ бештар корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, конфронсҳо ва чорабиниву вохӯриҳоро дар байни оммаи мардум доир намуда, аз хатару таҳидиҳои терроризм ва экстремизм онҳоро огоҳ карда шавад. Дуввум ин, ки бо истифода аз васоити ахбори омма барномаҳои динии мазҳаби Ҳанафӣ бо иштироки олимони Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар телевизионҳои давлатӣ пахш карда шавад.  Саввум барои аз беҳудагардиву оворагардӣ пешгирӣ намудани ҷавонон онҳоро ба корҳои ободкорӣ, китобхонӣ, забономӯзӣ ва варзиш ҷалб сохтан лозим аст.

Имрӯз бояд ҳар як фарди баномусу ватандор қарзи фарзандии худро дуруст дарк намуда, бо терроризму экстремизм мубориза барад, чунки ин танҳо кори мақомот ва сохторҳои қудратӣ намебошад.

Боиси ташвишаст, ки то ба имрӯз ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстримистӣ  ҷавонон ва дигар шаҳрвандони сину соли гуногуни ҷумҳурӣ шомили ҳастанд. Аз ин хотир аз он шахсиятҳо даъват ба амал меорам, ки аз роҳи интихобкардаи худ даст кашед, ба Ватан, ба назди падару модар, хешу табор ва наздиконатон баргардед!

С.Бобоев, узви гурӯҳӣ вакили ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони  халқи  ноҳияи  Кушониён                              

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg