БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУХАНОНИ ТЕРРОРИСТОНУ ЭКСТРЕМИСТОНИ НАҲЗАТӢ САР ТО ПО ДУРӮҒАНД

ВОКУНИШ. Роҳбарону  аъзои  ТТЭ  ҲНИ  ҳамарӯза  дар    пайи  онанд, ки ҷавонону наврасони кишварро бо ҳар гуна найрангу ҳилла гумроҳ намуда,  онҳро ба  майдон  бароварда,  қурбони  бозиҳои ҳароми худ созанд. Ин  ҳаромкориҳои  худро то имрӯз давом дода, бо ҳар гуна ҳиллаву найранги нав  бозиҳои ҳароми хешро идома додан мехоҳанд.

Ҳамаи суханони террористону экстремистони наҳзатӣ сар то по дурӯғ буда, ҳамааш такрори якдигар дар як қолабу давоми мантиқии амалҳои пасту  зисти  роҳбарияти ТТЭ ҲНИ мебошад. Ҳамаи сокинони кишвар алаккай пурра дарк намуданд, ки наҳзатиҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри пешрафти кишвар  набуданду нестанд. Онҳо аз пешравиҳои кишвар озурдахотир шуда, аз баъзе нокомиҳо овозаҳо паҳн намуда, табли шодӣ зада, дар сомонаҳои интернетӣ  пахш менамоянд. 

Ҳар як сокини ватандӯсти кишварро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро   аз даст надода, бар зидди чунин  нохалафон муборизаи оштинопазир барем  ва нагузорем, ки чунин нохалафон ба мақсадҳои ғаразнокашон расанд.

Абдусалимҷони Абдузоҳир, узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси  вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg