БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ ҶОЙИ АРЗИШУ МУНОСИБАТҲОИ СОЛИМИ ҶАМЪИЯТИРО ТАСАРРУФ КАРДА, БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ ЗАРАР МЕОРАД

КӮЛОБ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти  шаҳрвандӣ.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии “Мактаби Президентӣ” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир намуд.

Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин баромад намуда, гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон коррупсияро ҳамчун воқеияти нангини ҷомеа арзёбӣ намуда, бар ин назар аст, ки ришваю фассод ва сӯистифода аз мансаб дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ пояҳои давлатдориро заиф сохта, ахлоқи ҷомеаро коста мегардонад ва ҷойи арзишу муносибатҳои солими ҷамъиятиро тасарруф карда, ба ояндаи миллат зиён меоварад.

Дар охир таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ аз он иборат аст, ки ҳисси нафратро нисбат ба коррупсия дар ҷомеа бедор созад.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бошад, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоӣ ба як нафар шахси имконияташ маҳдуд дар маҳаллаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб аз лиҳози маводҳои хӯрока кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg