БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТРАСИИ СОКИНОНИ МАҲАЛ БО ОБИ ТОЗАИ НӮШОКӢ БЕҲТАР ШУДА ИСТОДААСТ!

ҶАЙҲУН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сомонӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуотӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ Бекмамадов Асалмамад иброз дошт, ки об боарзиштарин гавҳари ҳаёт буда, дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо, бахусус кишоварзӣ, саноат, энергетика, мақоми авалиндараҷаро соҳиб аст.    Мутаассифона, қоидаҳои истифодаи оқилонаю сарфакоронаи об на дар ҳама ҷо риоя мешаванд. Мувофиқи таҳлили ташкилоти байналмилалии тандурустӣ, имрӯз дар олам зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии беҳтар дастрасӣ надоранд. Ҳар сол сесад ҳазор кӯдаки то панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби бехатари ошомиданӣ ба ҳалокат мерасад.

Ҳамчунин, дар баромадаш Асалмамад Бекмамадов қайд дошт, ки ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон доир ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуд, боиси ифтихори ҳамаи тоҷикони ҷаҳон мебошад. Тавре ҳамагон медонанд, тӯли солҳои соҳибистиқлоли кишвар чанд ташаббуси созандаи Тоҷикистон дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускори ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизби таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем" бошад, дар маҳаллаи Сомонӣ барои бо оби ошомидани таъмин намудани сокинони маҳал бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони соховатманд як ҳавз бо ғунҷоиши 60 тонна об сохтмонаш оӯоз шуда истодааст. Дар раванди кори он сокинони махаллаи болозикр дастаҷамъона ширкат варзида истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg