ХОВАЛИНГ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ”Саросёб”-и ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон баромад намуда, ба онҳо дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, талаботи он, зарурат ва аҳамияти ташкил ва гузаронидани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба таври муфассал маълумот дод.
Дар хониши сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ Қурбонхӯҷа Раҷабов изҳор дошт, ки корҳои ободониро аз хонаи худ оғоз намуда, деҳаи худро барои қабули меҳмонон ва сайёҳон пурра омода менамоем. Сипас, Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ карда шуд, ки мардум дар он рӯз ба нарм намудани бехи дарахтони деҳа машғул шуданд.