БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шӯрои собиқадорони ҲХДТ ташаббускоранду намунаи ибрати дигарон

ЁВОН. Чанде қабл  тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби Шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, литсейҳои касбӣ-техникӣ ва Коллеҷи тиббӣ вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Дар вохӯриҳо раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Қутбиддин Сафархолов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Саёҳат Абдуллоева ва дигар шахсони расмӣ  андешаронӣ намуда, ҷавонону наврасонро бобати таълиму тарбия, ҳунаромӯзӣ, эҳтироми падару модар ва атрофиён, дӯст доштани меҳан ва Ватани аҷдодӣ, расидан ба қадри сулҳу суботи ҷовидона ва зиракиву ҳушёрӣ ҳидоят карданд.SAM_2747.JPG

Шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  аз соли 1999 фаъолият намуда, то ин муддат ба натиҷаҳои наззарас ноил гардидааст. Шӯрои мазкур тибқи нақшаи кории худ амал карда, то имрӯз дар ихтиёри худ зиёда аз 42 нафар аъзо дорад, ки ҳар яки онҳо тавассути кору фаъолияти худ шоиста буда, барои насли наврас намунаи ибрат мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg