БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁ ЭЙ ҲАМВАТАН ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДА, ВАТАНАМОНРО ОБОДТАР СОЗЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Марғоб» хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ гузаронида шуд.

Зимни баромад масъулин оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, зикр намуд, ки ки солҳои 2019-20121 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон карда шудааст. Мақсади асосии эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ин боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар кардани инфрасохтори деҳот мебошад.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбӣ сокинон ба нарм кардани бехи дарахтон ва сафеду тозаю озода кардани маҳалли зист машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg