ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Дар ташкилоти ибтидоии “Муродбахш”-и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ хониши сиёсӣ ва дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Сокинони ин деҳа иқдом гирифтанд, ки бо саҳми ҳамдеҳагон гирду атрофи масҷиди панҷвақтаи деҳаро девор гирифта, саҳни онро обод менамоянд. Гурӯҳи дигари сокинон ба тоза намудани ҷӯйбори обгузар машғул шуданд.