БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САХОВАТМАНДӢ АҲАМИЯТИ БУЗУРГИ МАЪНАВИЮ АХЛОҚӢ ДОРАД

ТЕМУРМАЛИК.Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи вохӯрию мулоқотҳо, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварзӣ” вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз маҷлиси КИМ ҲХДТ, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва  ҳамзамон ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷик суханронӣ намуданд.

Дар идомаи суҳбат  ба як нафар корманди ташкилоти ибтидоӣ  Раҳимова Сафаргул билети ҳизбӣ  дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Баъдан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Равшанов Зайнулло ба як нафар ятим Қурбонова Шукрона сару либоси миллӣ туҳфа карда шуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg