БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ МАҲАЛ АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ МО ВОБАСТА АСТ!

ПАНҶ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сармантой-2”-и ҷамоати деҳоти Озодагон ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок дошта, оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили об, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳū ва хунарҳои мардумӣ,  саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ ҷиҳати тадбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ масъулин дар якҷоягӣ бо сокинон қубурҳои оҳанини деҳаро канда даруни онҳоро тоза намуданд.

Дар охир сокинони маҳал бо итминони комил иброз доштанд, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор пешвоз мегиранд ва баҳри ободу зебо гардонидани маҳалаашон саъю талош менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg